Боздошти ду милисаи Душанбе дар робита ба куштори як сокини Кӯшониён
Ду корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар робита ба як куштор дастгир шудаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо замоне боздошт шуданд, ки мехостанд аз кишвар фирор кунанд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти ду корманди милисаро тасдиқ кард. Сухангӯи ВКД гуфт, онҳо дар робита ба як ҳодисаи куштор боздошт шудаанд ва қазияро феълан додситонӣ таҳқиқ дорад.
Мақомот ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, кормандони боздошшудаи ШКД-и ноҳияи Сино Алиҷон Азиззода ва Алишер Сафиев мебошанд. Ду корманди милиса дар робита ба куштори Фазлидин Ҳаитов, як сокини ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) дастгир шудаанд. Феълан маълум нест, ки онҳо дар ҳодисаи куштор бевосита даст доштанд ё на.
Ҷузъиёти бештари куштори ин сокини ноҳияи Кушониён феълан дастрас нест, аммо рӯзномаи "Имрӯз News" аз қавли манбаш менависад, ҳодисаи куштор шаби 13 ба 14 июл дар клуби шабонаи "VIP" дар ҳудуди шаҳри Душанбе рух додааст. Ба қавли манбаъ, ду корманди милиса бар асоси нишондоди Акмал Алиматов дастир шудаанд.
Чанд рӯз қабл Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфта буд, Акмал Алиматов ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти вазнин таҳти пайгард қарор дорад. Ба навиштаи рӯзномаи "Имрӯз News", нисбати ду корманди милиса бар асоси қисми дуюми моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ ё куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, таҳқиқи онро додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пеш мебарад.
Ҳарчанд боздошти кормандони милиса бо иттиҳоми куштор ҳодисаи нав аст, аммо ин бори аввал нест, ки дар клубҳои шабонаи Душанбе ҳодисаҳои нохуш рух медиҳад. Қаблан чандин нафар, аз ҷумла фарзандони ашхоси баландмақом дар клубҳои шабона муноқиша кардаанд.
OZODI

Комментарии (0)