Акси Зеленский дар пляж корбарони интернетро ба хашм овард

Акси Зеленский дар пляж корбарони интернетро ба хашм овард
То ин дам акси Зеленскийро 1,3 миллион кас боздид кардааст

 Президенти Украина дар Instagram акс аз пляжро нашр кардааст, ки боиси хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

"Мо. Дар ҳама ҷо. Посбонон. Дар ҳамаи ҷо аз рамкаи вижаи тафтишотӣ мегузарем, дар пляж ҳам. Дар пасманзар дида мешавад, чӣ гуна ҷосусон "офтоб" мехӯранд. Истироҳати хуш", - навиштааст Зеленский.

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар зери ин акс рамзи хашмгиниро гузоштаанд. Онҳо мегӯянд, президент замоне, ки дар дохили кишвараш ҷанг аст, роҳат мекунад. 

Вале гурӯҳи дигаре ин амали Зеленскийро дастгирӣ карда навиштаанд, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад истироҳат кунад.

То ин дам акси Владимир Зеленский президенти Украинаро дар пляж, 1,3 миллион кас боздид кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий