Тоҷикистон санади узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро омода намудаст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон санадеро омода намудаанд, ки дар он бурду бохти Тоҷикистон аснои шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё матраҳ шудааст
Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор доштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон санади иборат аз 70 саҳифаро омода намудааст, ки дар он мавқеъи Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё равшан инъикос ёфтааст.
Қодирзода гуфтааст, ки Тоҷикистон аз узвият ба созмони мазкур барои Тоҷикистон ҳам манфиатовар аст ва ҳам баръакси ҳол низ мавҷуд аст.
Ба изҳори Қодирзода, барои беҳтар шудани вазъи муҳоҷирони тоҷик, хуб мешуд агар Тоҷикистон ба узвияти ин иттиҳод дохил шавад.
Вале шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои дигар ҷанбаҳо, аз ҷумла барои бахши истеҳсолот ва талаф додани қувваи зиёди корӣ манфиатовар набуда, ба иқтисодиёти кишвар метавонад латмаи сахте занад, зикр намуд роҳбари маркази тадқиқотии стратегии Тоҷикистон.
Аз ин рӯ Қодирзода тавзеҳ дод, ки ҷониби Тоҷикистон алъон тамоми паҳлуҳои шомил шудани Тоҷикистонро ба узвияти иттиҳоди мазкур, мавриди омӯзиш қарор додааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи сипаришуда намояндаи Вазорати умури дохилаи Русия дар Тоҷикистон оиди масоили муҳоҷират Владислав Маркевич зимни як нишасте дар Душанбе гуфта буд, ки Тоҷикистон пас аз шомил шудан ба иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз имтиёзҳои бештаре бархӯрдор мешавад.
Айни замон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кишварҳое чун: Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил ҳастанд.
Масъалаи узвияти Тоҷикистон дар созмони байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз соли 2015 инҷониб баррасӣ мешавад.
Комментарии (0)