Кумак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва маъюб дар ВМКБ

Кумак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва маъюб дар ВМКБ
Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, маъюбону бепарасторон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳамагуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаи маъюбон ва бепарсторон кумакҳои моддӣ расонида мешавад. 

Аз ҷониби Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ва роҳбарияти РВКД дар вилоят ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур», воқеъ дар шаҳри Хоруғ, ки дар он ҷо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва маъюб нигоҳубин ва тарбия карда мешаванд, маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз қабили орд, биринҷ, гушт, равған, шакар, тухм, картошка, пиёз, карам ва дигар маҳсулотҳои полезӣ дар арафаи Соли нав ҳамчун кумак расонида шуд. Ҳамчунин барои кӯдакони ин марказ лавозимоти хониш ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур» айни замон 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудро ба тарбия ва нигоҳубин фаро гирифтааст. Роҳбарият ва мураббиёни ташкилоти ҷамъиятии мазкур аз чунин иқдоми Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ бениҳоят хушнуд гардида, миннатдории хешро изҳор доштанд.

Илова бар ин аз ҷониби ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-и ВМКБ баҳри болидарӯҳии кӯдакони имконияташон маҳдуд чорабинии фарҳангӣ, аз ҷумла рақсу сурудхонӣ доир карда шуд. Кӯдакон аз чунин ташаббус ва чорабинии фарҳангӣ таъбашон болида гардида, шод гардиданд.

Кумаку дастгирӣ ба ин қишри ҷомеа барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мояи ифтихор маҳсуб ёфта, дар оянда наз ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, чунин амали хайру савоб пайваста ба роҳ монда мешавад.
Эҳсон Абдуллозода
Далер Чоршанбиев

Комментарии (0)

Оставить комментарий