Вазир: мушкилоти тоҷиконро дар Русия ҳамеша бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунем
Вазири умури дохилаи Тоҷикистону Русия ҳамеша мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия баррасӣ мекунад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки вазорат ҳамеша бо ҷониби Русия тамоми масъалаҳои муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо бо Русия ҳамкориҳои хубе ба роҳ мондааст ва ҳамеша кушиш менамояд ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ расидагӣ кунад.
“Мо бо вазорати корҳои дохилаи Русия дар ҳама самтҳо ҳамкорӣ дорем. Мо зимни дидору мулоқотҳо тамоми масоили муҳоҷиронро бо ҷониби Русия баррасӣ мекунем”, - гуфт Вазири умури дохилаи Тоҷикистон.
Инчунин, вазир таъкид дошт, ки ВУД ба он хабарҳоеро рангу тобиши сиёси ва ҷомеавӣ донаранд аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Хабарҳое, ки дар Васоити ахбори омма чоп мешавад худи ҳамон руз аз Русия барори баррасии он дархост равон мешавад.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки агар ба ВУД аз шаҳрвандон арзу шикоят ворид намоянд, ҳатман вазорат онро зери назорат қарор мегирад.
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҳангоме, ки бо ҳамтои русиаш Владимир Колоколтсев дидоруру гуфтугӯ мекунад, ҳамеша тамоми масоилу мушкилотро бо ӯ баррасӣ мекунад.
“Ман тамоми масоилу мушкилотеро, ки аз ҷаъмиятҳои тоҷикон дар Русия яъне диаспораҳо дастрас мекунем, бо ҳамтои русиам баррасӣ мекунам”, - афзуд Раҳимзода.
Дар ҳамин ҳол Вазир илова кард, ки ҳоло рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар қиёс ба солҳои қаблӣ нисбати шаҳрвандони тоҷик беҳтар гардидааст.
Вай аз баъзе ҳолатҳое, ки аз мадди назари ВУД дур мондаанд таассуф хурд ва гуфт ин мушкилот ба хотир дастрас нашудани арзу шикоятҳо аз шаҳрвандон мебошавад ва ба ҳамин хотир баъзе аз мушкилот дар зери назорати ВУД қарор надоранд.
Комментарии (0)