Абдулқодирзода дар ВМКБ: мулоқоти рӯҳониёни ҳанафӣ ва шиаи исмоилӣ ба манфиат аст

Абдулқодирзода дар ВМКБ: мулоқоти рӯҳониёни ҳанафӣ ва шиаи исмоилӣ ба манфиат аст
Ин нуктаро раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳамоиш дар ВМКБ зикр кард

 Бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ВМКБ дар Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим  бо ширкати беш аз 40 нафар сархатибону имомхатибон аз  вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ  дар мавзӯи "Ваҳдат- омили  ягонагӣ ва суботи ҷомеа"  ҳамоиш баргузор гардидааст. 

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфтааст, ки  маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  аст, ки имрӯз  дар ҷумҳурӣ намояндагони  дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва  якпорчагии Тоҷикистон  заминаи комил бунёд мекунанд.

"Агар дар даврони Шӯрвӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 29 нафар ба  ҳаҷ  рафта бошанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ соле  беш аз шаш ҳазор нафар Маккаи мукаррамаро зиёрат мекунанд. Гузашта аз он, бунёди Масҷиди  калонтарини дунё дар пойтахти мамлакат, Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе ва Ҷамоатхонаи зебо дар шаҳри Хоруғ далоли онанд, ки дар Тоҷикистон  баробарии комили пайравони адёну мазоҳиби гуногун таъмин аст", - гуфтааст Абдуқодирзода.

"Чунин ҳамоишу нишастҳо, гуфтугӯи рӯ ба рӯи ходимони дин,  муколамаи мустақим байни  пайравони адёни мухталиф решаи ҳамдигарфаҳмӣ ва  таҳаммулпазириро дар ҷомеа мустаҳкам мекунад.  Хусусан баргузор кардани чунин мулоқот дар байни рӯҳониёни  мазҳаби ҳанафӣ ва шиаи исмоилӣ ба манфиати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагии мамлакат ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳама бояд даст ба даст дода, ваҳдати миллиро ҳифз намоем", - афзудааст раиси Шӯрои уламо.

Инчунин  дар ҳамоиши мазкур  директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода,    намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далерҷон Маҳкамов, раиси намояндагии  Институти  инъикоси  ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров,   котиби Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков  иштирок намуда, доир ба масъалаҳои   пешгирӣ аз паҳн кардани  маводи экстремистию ифротӣ, хусуматҳои динӣ, ҳамгироӣ ва  хатарҳои эҳтимолии экстремизму  терроризм ба амнияти миллӣ   изҳори ақида намуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий