Путин сабаби эҳтимолии тарки курсии президентиро гуфт

Путин сабаби эҳтимолии тарки курсии президентиро гуфт
Муҳлати кунунии президентии Владимир Путин соли 2024 анҷом меёбад

 Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки агар хаста мебуд, бори чорум номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод намекард.

Дар ин бора президенти Русия дар мусоҳиба бо коргардони амрикоӣ Оливер Стоун гуфт. Ин мусоҳибаро хадамоти матбуотии Кремл нашр кардааст.

Оливер Стоун аз Владимир Путин пурсид, ки аз президентӣ хаста нашудааст. Путин ҷавоб дод, на.

"Агар ман хаста мебудам, бори чаҳорум ба мақоми президентӣ намерафтам", - қайд кард, кишвардори Русия.

Зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия низ, Владимир Путин ин матлабро гуфта буд.

Дар мусоҳиба бо нашриёти итолиёӣ бошад, сиёсатмадор гуфт, ки бояд панҷ соли дигар сахт кор кунад ва ҳоло барои интихоби шуғли пас аз президентӣ, фикр ҳам накардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий