Озода Раҳмон: ҷазо барои ташкили фоҳишахонаю занҷаллобӣ пурзӯр мешавад
Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар масоили таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гуфт, ҷазо барои ташкили фоҳишахонаю занҷаллобӣ дар кишвар пурзӯр карда мешавад
Озода Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, тағйирот ба Кодекси ҷиноиро муаррифӣ кард, ки бар асоси он ҷазои занҷаллобону ташкилкунандагони фоҳишахона сангин мешавад.
Бар асоси иловаҳо ба моддаи 239 қисми 2, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард, барои ташкили такрорӣ ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ то 8 соли зиндон муайян шудааст.
Феълан барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобӣ дар Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо - аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тағйироти қабулшуда ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181225/1027822544/Ozoda-Rahmon-jazo-baroi-tashkili-fohishakhonayu-zanjallobi-purzur-meshavad.html

Комментарии (0)