Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ бо дастури Президент: ҷоиза аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ

Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ бо дастури Президент: ҷоиза аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ
Озмуни ҷумҳуриявӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон миёни оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён эълон шуда, барандаҳои он аз 15 то 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд

Дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат хоҳишмандонро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман” даъват кард.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.

Манбаъ афзуд, ки озмун дар бахшҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ дар се давр баргузор мегардад.

“Озмун дар се давр, яъне даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо - моҳҳои апрел - майи соли 2019, даври дуввум дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе - моҳҳои июн - июли соли 2019 ва даври сеюм дар пойтахти кишвар то 16 ноябри соли 2019 бо супоридани ҷоизаву дипломҳо гузаронида мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум - 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм - 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 16 ноябри соли равон бо имзои як дустур масъулинро барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ муваззаф карда, бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонзодаро масъули татбиқи ин дастур таъин кард.

Read more: https://sputnik-tj.com/culture/20181225/1027826900/Eloni-ozmuni-jumhuriyavi-bo-dasturi-Prezident-joiza-az-15-to-50-hazor-somoni.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий