БОЗ ЯК АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ” МУАЙЯН ГАРДИД
16-уми июли соли 2019 аз ҷониби кормандони ВКД ҶТ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Алиев Саидакрам Ғуфронович (с.т.1990) истиқоматкунандаи кӯчаи Шӯро хонаи 62/8, моҳҳои январ-феврали соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ш.Истамбули Ҷумҳурии Туркия қарор доштанаш, бо даъвати “Далер” ва “Дилшод” ном шахсони ба тафтишот номаълум, ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ”, ки мақсади асосиашон бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он барпо намудани давлати исломӣ “Хилофат” мебошад, шомил гаштааст. Баъдан, Алиев С.Ғ. наворҳои, ки дар он рафти амалиётҳои ҷангии аъзоёни ин ташкилот сабт карда шудааст, тамошо карда, ақидаи диниашро қавӣ гардонида, охирҳои моҳи феврали соли 2015 тавассути давлати Туркия ба давлати Сурия сафар намуда, то ҳол дар задухӯрдҳои мусаллаҳона бар муқобили низомиёни ин давлат иштирок карда истодааст. Нисбати Алиев С.Ғ. аз ҷониби ВКД ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қ.2 ва 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)