Супориш Президент: раису генералу муовини сарвазир ба "гаронтарин бозор" рафтанд–акс
Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз бозорҳои Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ки бар асоси омори расмӣ гаронтарин нархҳо доранд, боздид кард
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати маҳаллии ВМКБ иттилоъ дод, ки ҳадафи боздиди ноиби нахуствазир ва масъулини дигари ҳукуматӣ шиносоӣ бо нарху наво ва ҳолати санитарии бозори марказии шаҳри Хоруғ мебошад.
Ба иттилои Ниятбеков, ин боздид бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта, ноиби нахуствазирро Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва генерал Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.
Ин сафари масъулин ба бозори Хоруғ дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пайи таҳлили нархи бозорҳои кишвар гуфт, аксаран маводи ғизоии арзон дар вилояти Суғд ва гаронтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ҳукумат назорати нархи як қатор маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалро таҳти назорат қарор додааст.
Сарчашма: https://sputnik-tj.com/economy/20190717/1029424945/Suporish-Prezident-raisu-generalu-muovini-sarvazir-ba-garontarin-bozor-raftand.html
Комментарии (0)