Боздошти ҷинояткори ашадӣ...

Боздошти ҷинояткори ашадӣ...
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум дар ошхонаи миллӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ бо тариқи пинҳонӣ ҳамёнашро, ки дар дохили он 6000-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Галекси М-5” ва атриёти занона буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи бе ҷойи зисти доимӣ, ки пеш бо моддаҳои 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 222 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
 Мавриди қайд аст, ки ошхонаи миллии мазкур бо камераи мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, гумонбари ҳодиса дар муддати кӯтоҳ муайян ва дастгир карда шуд.
 Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий