Таҳримҳои нави Трамп алайҳи Эрон содир шуд

Таҳримҳои нави Трамп алайҳи Эрон содир шуд
Президенти Амрико Доналд Трамп амри наверо имзо кард, ки бар асоси он бастаи нави таҳримҳо болои Эрон ҷорӣ мешавад. Ин амр, ки 24 июн содир шудааст, чанд рӯз баъди суқут дода шудани як дрони амрикоӣ аз ҷониби эрониҳо содир шуд. Трамп гуфт, “мо фишороварӣ болои Теҳронро идома медиҳем”. Ӯ гуфт, “Эрон ҳеҷ гоҳ ба силоҳи ҳастаӣ даст намеёбад”. Айни замон, Трамп, ки аз дохили утоқи кории худ дар Кохи Сафед сӯҳбат мекард, гуфт, “мо дар фикри низоъ нестем”. Ба гуфтаи Трамп, вобаста ба он ки вокуниши Эрон чӣ мешавад, таҳримҳо “фардо ҳам метавонанд бекор шаванд”, вале агар на, “шурӯъ аз имрӯз солҳои зиёд побарҷо хоҳанд буд”.

Трамп гуфт, ки таҳримҳо марбут ба раҳбарони Эрон аст, вале зиёд тафсилот надод. Ӯ гуфт, ки сарфи назар аз қазияи дрон, таҳримҳо ҷорӣ хоҳанд шуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 20 июн гуфт, ки як дрони “ҷосус”-и Амрикоро замони аз минтақаи Ҳурмузгон парвоз кардани он нобуд кард. Трамп гуфт, ки посухи ин амали Эронро хоҳад дод.

Шурӯъ аз соли гузашта маъмурияти Трамп таҳримҳои навро болои Теҳрон ҷорӣ кард. Ин тасмим баъди аз созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон берун шудани ИМА гирифта шуд.
https://www.ozodi.org/a/30017759.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий