Ҳузури вакили рус дар нишасти порлумон ҳазорҳо гурҷиро ба хиёбон баровард

Ҳузури вакили рус дар нишасти порлумон ҳазорҳо гурҷиро ба хиёбон баровард
Пулиси зидди шӯриш дар Гурҷистон дар пароканда кардани тазоҳуроти назди бинои порлумони ин кишвар, аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода кардааст.

Ба эътирози бегоҳи панҷшанбе, иштироки вакили порлумони Русия Сергей Гаврилов дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипорлумонии ду кишвар сабаб шудааст. Сергей Гаврилов пеш аз сафари худ ба Гурҷистон гуфт, аз эътирофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия ҷонибдорӣ мекунад.

Тибқи иттилои манобеи бемористонии Гурҷистон, дар ҳодиса даҳҳо нафар, аз ҷумла кормандони пулис осеб дидаанд. Мақомоти гурҷӣ мегӯянд, ки то субҳи ҷумъа тартиботро ба таври комил барқарор карданд ва вазъи зери назорати онҳо мебошад.
Бегоҳи рӯзи панҷшанбе наздики даҳ ҳазор одам дар назди бинои порлумони Гурҷистон ҷамъ шуданд. Эътирозгарон талаб доштанд раиси порлумон ва вазири умури дохилии Гурҷистон истеъфо диҳанд. Раиси порлумон Ираклий Кобахидзе аллакай гуфт, ки аз мақомаш истеъфо доданӣ нест.

Пас аз он, ки эътирозгарон аз назди бинои порлумон ба ақиб ронда шуданд, пулис талош кард, ки онҳоро аз хиёбонҳои аслии Тбилисӣ низ дур кунад, аммо эътирозгарон ба муқовимати худ идома доданд ва пулис аз гази ашковар истифода кард.

Бисёре аз эътирозгарон талош карданд, ки худро аз гази ашковар тавассути ниқобҳои тиббӣ (маска) ва бастани даҳону бинии худ бо лисобҳои худ, муҳофизат кунанд. Ба навиштаи расонаҳо, эътирозгарон сипарҳои муҳофизатии шуморе аз кормандони пулисро аз худ карданд.

Тибқи иттилои расонаҳо, то соатҳои аввали субҳи ҷумъа эътирозгарон ба таври комил пароканда шудаанд ва кормандони пулис ва мошинҳои низомиён дар хиёбонҳо гаштугузор мекунанд.

Давид Сергенко, мушовири нахуствазири Гурҷистон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса беш аз 70 нафар - 39 маъмури пулис ва 30 ғайринизомӣ бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд. Аммо шабакаи телевизионии Руставӣ-2 шуморае касонеро, ки ба бемористонҳо интиқол дода шуданд, бештар аз 100 нафар гуфтааст.

Гиги Угулава, раҳбари яке аз аҳзоби мухолиф гуфт, "мо аз ҳукумат хостем, ки ин мардро (манзур Гаврилов) иҷоза надиҳад инҷо биояд, аммо онҳо иҷоза доданд, на танҳо иҷоза доданд, ки марзи Гурҷистонро убур кунад, балки дар курсии раиси порлумон нишонданд. Пас, ин як таҳқири бузург барои ин миллат аст ва бинобар ҳамин, мардум бо вуҷуди тиру ва гази ашковар инҷо ҳастанд ва ҳанӯз муқовимат мекунанд".

Гаврилов, ки аз ҷонибдорони эътирофи Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ ҳамчун қаламрави Русия мебошад, аз тарафдорони сарсахти президент Владимир Путин низ ҳаст, ки бисёре дар Гурҷистон дар нисбати ӯ назари нек надоранд. Гурҷистони соли 2008 дар пайи як рӯёрӯии низомӣ бо Русия контроли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро аз даст дод.

Гурҷистон ва Русия пас аз ҷанг робитаҳои дипломатии худро қатъ карданд, ҳарчанд иқдомоте барои барқарор ва оддисозии ин муносибатҳо анҷом шуд, аммо ҳассосияту бадбинӣ дар нисбати Маскав ҳамоно дар миёни гурҷиҳо болост.
https://www.ozodi.org/a/30011968.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий