ҲНИ ба мардум бадбахтӣ меорад
Сулҳу оромї яке аз неъматњое мебошад, ки њар миллатро ба дурахшонтарин ќуллањо мерасонад. Тамоми пешравињое, ки дар давлат ба вуљуд меоянд, заминаи асосиашон сулњу субот аст. Барои њамин таъмини оромї ќарзи шањрвандии њар як фарди љомеа мебошад. Мањз бетарафї сабаби асосии ба миён омадани гуруњњои ифротї мегардад. Ба мисли он кишварњое, ки аз бетарафии шањрвандони худ ба доми ифротгароён ворид шудаанд, дигар роњи баромад аз ин домро намеёбанд.
Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарки мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад.
Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз аст ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатхои мусалмонии Шарк оташи чангхои ифротгароёнаро меафрӯзанд.
Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дин ҷаҳонбинӣ аст ва илм шуда наметавонад.
Аммо аккалиятхое низ вучуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки ин акида хатоӣ маҳз ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд.
Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти «Хизби нахзати Исломии Точикистон» «Ҳаракати мардумии Растохез», ки баъди интишори конун “Дар бораи иттиходияхои чамъиятӣ дар ЧШС Точокистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон кабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ХНИТ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Аъзоёну роҳбарони ҳизби наҳзат мехоханд ки чахон мувофики хости онхо шакл бигирад. Аммо худи онҳо дар гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандию зинокорӣ кардаанд.
Кисми зиёди шахрвандони ноогоҳ ба фиребу найранги таасубгароии наҳзатиён афтода аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба накшахои худ аз дин мохирона истифода мебаранд ба монанди собик рохбари ХНИТ ки натичаи он дар давлатхои чанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ирок шахрвандон бевосита иштирок менамоянд халок шудаанд.
Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт ки дар Точикистон нерӯхои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи рохбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро бо мардуми бонангу номус ва Пешвои хирадмандашон мақоми худ кардааст.
Ҳизби наҳзат на танхо пайванди худро ба манзилхои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишхои онҳо моҳи сентябри соли 2015 бо роҳбарии муовини вазорати дифоъ генерал-майор Ҳоҷи Ҳалим Назарзода кӯшиши табаддулот дар Точикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Вале заҳматҳои шабонарӯзию хизматҳои софдилонаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кӯмакҳои шаҳрвандони меҳанпараст буд, ки пирӯзии комили мардуми точикро таъмин намуд. Ин гурӯхи нотавонбини аз оламу одам норозӣ хамавакт будан мемонанд ва ғаразхои нопоки онхоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Чунки ин созмон аз солхои 90-уми асри гузашта сар карда бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омадааст.
Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оѓушта карда, бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрўхта садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард. Айни ҳол роҳбари ҲНИТ М.Кабири бо тарафдоронаш дар хориҷи кишвар худашонро Паймони миллӣ эълон карда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро ҷалб созанд. Ҳамчунин роҳбарону аъзоёни ҳизби наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо суханҳои дурӯғу беасосашон мехоҳанд тухми кинаву адоватро дар байни мардуми Тоҷикистон кошта, соњилњои тамаддуни башариро аз якдигар људо кунанд.
Тољикистон кишвари бузургест, ки саропо мењрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Мењри бузурги ин сарзамин њар як инсони асилро дар дилу дар љон аст. Сарзамини дилфиреб, макони бузургони хирад, оќилону фарзонагон ва шўњратмандон аст.
Мо, ки худро миллати соњибкитобу тољдор ба љањониён муаррифї кардаем, набояд љавонони мо ба ин гуна гуруњњо шомил шаванд. Бояд мо бештар ба театр, китобхона, мањфилњои илмиву адабї ва фарҳангиву фароѓатї рў биёрем, чунки танњо дар сурати чунин рўоварданњо метавонем љаҳонбинии худро васеъ карда, некро аз бад ба пуррагї фарќ кунем.
Қирғизбекова Регина
сокини шањри Хоруѓ
Комментарии (0)