ИИАО ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳамкорӣ хоҳанд кард
Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев ахиран дар Женева бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) Эми Поп дидору мулоқот кард.Зимни музокирот ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, бахусус танзими гардиши захираҳои меҳнатӣ дар ҳудуди АвруОсиёро баррасӣ карданд.Бакитҷон Сагинтаев хабар дод, ки имсол Комиссия ба кори Шабакаи Глобалии СБМ барои таҳияи сиёсат ва стратегияҳои ҷалби ахлоқӣ ҳамроҳ шуд."Минтақаи АвруОсиё барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷолиб мебошад. Мо ба ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар як қатор самтҳои дахлдор манфиатдорем«, — қайд кард раиси Раёсат.
Барои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи байналмиллалӣ дар соҳаи эътирофи маҳорати касбии муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим мебошад. Комиссия ҳамасола Рӯйхати мавқеъ ва касбҳои маъмултаринро дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тартиб медиҳад. Талаботи тахассусӣ барои касбҳое, ки ба рӯйхат дохил карда шудаанд, қабул карда мешаванд.Эмми Поп ба омӯзиши Рӯйхати мазкур изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид кард, ки барои ҳамкории оянда дар соҳаи шуғл, аз ҷумла, як барномаи вижаи муштарак таҳия кардан зарур аст, ки аз имкониятҳои пайдошуда истифода кард.Самти муҳим низ ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии СБМ мебошад, ки дар кишварҳои ИИАО низ амалӣ мешаванд.
»Мо пешниҳод менамоем, ки лоиҳаи озмоишӣ, ки ҳадафи он баланд бардоштани саводнокии молиявии муҳоҷирони корӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошад, таҳия ва роҳандозӣ шавад«, — гуфт Бакитҷон Сагинтаев.Зимни мулоқоти корӣ ҷонибҳо аҳамияти амиқтар кардани ҳамкориҳои ду созмони байналмилалиро қайд намуда, ба мувофиқа расиданд, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз соли 2013 таҷдид карда шавад.Дар натиҷаи музокираҳо Бакитҷон Сагинтаев ва Эмми Поп ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳоро идома диҳанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)