Чанд қумандони "Толибон" асир афтоданд
Нерӯҳои давлатии Афғонистон як қатор фармондеҳони ҷунбиши Толибонро (ҷунбиши радикалӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) боздошт карданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии вазорати дифоъи ин кишвар.
Террористон дар як қатор амалиётҳои зиддитеррористии нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ (ANSOB) дастгир шуданд.
Амалиёти зиддитеррористӣ дар шоҳроҳе, ки вилоятҳои Кобул ва Горро дар ғарби минтақаи пойтахт мепайвандад, сурат гирифт.
Дар байни фармондеҳони боздоштшудаи Толибон Муҳаммад Ҷон низ ҳаст, ки масъули назорати роҳ, саботаж ва ташкили ҳамлаҳо ба он аст. Чанд аъзои дигари Толибон безарар карда шуданд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд деҳа дар шоҳроҳи Гор-Кобулро аз ҷангҷӯёни Толиб озод карданд. Панҷ минаи зиддитанкӣ, ки радикалҳо дар ин роҳ гузошта буданд, безарар карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон идома дорад. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.
Комментарии (0)