Кремл вазъи Афғонистонро ташвишовар хонд
Русия вазъи Афғонистонро бодиққат назорат мекунад, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфти сухангӯи Кремл, вазъ дар Афғонситон хеле ташвишовар боқӣ мемонад.
"Вазъ дар Афғонистон бениҳоят ташвишовар аст ва боиси нигаронии мост", - гуфт Песков.
Вай афзуд, ки Русия бо кишварҳои узви СААД, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд доимӣ дар алоқа ҳаст.
"Албатта, мо назорат мекунем, ки вазъ чӣ гуна мешавад. То ҳол танҳо хабарҳои ташвишовар аз он ҷо мерасанд", - хулоса кард Песков.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Комментарии (0)