Комроншоҳ дар "Guangzou Judo Masters 2018" ширкат мекунад
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо “Guangzou Judo Masters 2018”, ки рӯзҳои 15-16-уми декабр даршаҳри Гуанжоуи Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Зимнан, Комроншоҳ ягона варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузнамояндагӣ мекунад.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи ҷаҳонии “Guangzou Judo Masters 2018” ширкати 234 гуштигир (119 мард ва 115 зан) аз 53 кишвари панҷ қитаъи олам дар назар аст. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) баргузор мешавад.
Бояд тазаккур дод, дар ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аз 1-ум то 16-ум ҷойгиранд, ширкат меварзанд. Чунончи, дар вазни Комроншоҳ, яъне зери 90 кило, 16 нафар аз 14 кишвар (Сербия ва Гурҷистон – дунафарӣ, Испания, Маҷористон, Куба, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Муғулистон, Русия, Фаронса, Қазоқистон ва Олмон – якнафарӣ) қувваозмоӣ мекунанд.
Падари Комроншоҳ, мураббии варзидаи гуштӣ Усто Устопиров имрӯз, 13-уми декабр, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш барои дувумин бор дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок мекунад.
"Комроншоҳ ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дер боз омодагӣ мебинад. Ӯ дар марҳилаи аввал бо раҳбарии мураббияш Воҳид Сарлак дар Аврупо тайёрӣ дид. Баъдан ҳамроҳи бародараш Фаридуншо дар шаҳрҳои Тошканду Хуҷанд тамрин кард. Омодагиаш, бахусус аз ҷиҳати ҷисмонӣ, хуб аст. Умедворем, ки муваффақ мешавад", - гуфт Усто Устопиров.
Натиҷаҳои беҳтарини Комроншоҳи Устопириён дар мавсими соли 2018 дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба ҷудо чунин аст:
20-уми сентябри соли 2018. Ҷойи 7-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон.
29-уми августи соли 2018. Ҷойи 3-юм дар Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия.
6-уми апрели соли 2018. Ҷойи 1-ум дар Гран-при дар Анталияи Туркия.
23-юми феврали соли 2018. Ҷойи 5-ум дар Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон.
Комроншоҳи Устопириён дар ҳамин ҳол дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федаратсиони байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 3446 имтиёз дар ҷойи 9-ум қарор дорад. Дар ин вазн Николоз Шеразадишвили аз Испания бо 5819 имтиёз дар ҷойи аввал аст.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо "World Judo Masters Mohammed VI 2015", ки рӯзҳои 24-25 майи соли 2015 дар шаҳри Работи Марокаш барпо гардида буд, дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Илиас Илиадиси юнонӣ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд.
Дар вазни зери 90 кило 16 нафар аз 13 кишвар (Русия, Ҳолланд ва Гурҷистон – 2-нафарӣ, Марокаш, Шветсия, Италия, Куба, Швейтсария, Фаронса, Юнон, Сербия, Тоҷикистон ва Ҷопон – 1-нафарӣ) қувваозмоӣ карданд. Дар ин вазн Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Юия Йошидаро аз Ҷопон шикаст дод, ғолиб шуд.
Комментарии (0)