Рамазон Раҳимзода доктори илм мешавад
Баъди ду ҳафта генерал Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – ба сафи докторони илми ҳуқуқ мепайвандад.
Қарор аст, ки Раҳимзода рӯзи 29-уми декабри имсол дар Комиссияи олии аттестасионӣ ва дар ҳузури олимони ҳуқуқшинос рисолаи докториашро ҳимоя кунад.Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст. Рисолаи 582-саҳифаии Рамазон Раҳимзода ба доираи олимони ҳуқуқшинос тақсим шудааст. Ин рисоларо дар Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасвиб ва барои ҳимоя ба Комиссияи олии аттестатсионӣ пешбарӣ кардаанд.
Комментарии (0)