Маҳдуд шудани фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ
Дар пайи қабули қонуни нави нӯшокиҳои спиртии Туркманистон интизор меравад, фурӯши ин навъи нӯшокӣ маҳдуд шуда, нархи он боло биравад. Дар ин бора расонаи мустақили «Хроника Туркменистана» иттилоъ додааст.
Дар матни қонун омадааст, ки нӯшокии спиртӣ танҳо дар нуқтаҳои махсуси савдо, тарабхона ва қаҳвахонаҳо фурӯхта хоҳад шуд. Мағозаҳо онро танҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 10 то 20 мефурӯшанд. Фурӯши нӯшокии спиртӣ ба шахсони то 21-сола манъ аст.
Қонуни мазкур давра ба давра ба иҷро хоҳад даромад. Маҳдудиятҳои аввал аз 1 январи соли 2019, бахши дувум аз июли соли 2019 ва боқӣ аз 1 январи соли 2021 ба иҷро медароянд. Аз ҷумла, банди манъи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар рӯзҳои истироҳат аз соли 2021 иҷро мешавад.
«Хроника Туркменистана» ҳамзамон хабар додааст, ки нархи нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркманистон аллакай аз аввали моҳи декабр боло рафтааст. Бино ба маълумоти нашрия, аксизи нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку дар Туркманистон аз 1 декабр боло бурда шуд.
Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар фурӯшгоҳҳои Ишқобод навъҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртиро метавон пайдо кард. «Аз ҳама навъи арзони онҳо 13 манат (ҳудуди 4 доллар бо қурби расмӣ) ва аз ҳама гарон 100 манат арзиш доранд. Вале на ҳама метавонанд, нӯшокиҳои спиртиро ошкоро фурӯшанд. Дарёфти иҷозатномаи фурӯши ин навъи нӯшокӣ мушкил аст», — афзуд хабарнигор.
Комментарии (0)