Арӯсрабоӣ дар Қирғизистон. “Ҳар рӯз чандин духтарро медузданд”
Муҷозоти сангини марде, ки баъди арӯсдуздӣ даст ба қатли ӯ зада буд, дубора масъалаи нақзи ҳуқуқи духтарон дар Қирғизистонро доғ кард. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои ҷомеа масъалаи арӯсдуздӣ комилан рафъ нашудааст.
Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек рӯзи 11-уми декабр Марс Бодошев, як сокини Қирғизистонро барои рабудан ва қатли Бурулай Турдаалӣ-қизӣ айбдор кард. Бодошев барои 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳ дӯсти Бодошев - Акмат Сейитовро, ки дар арӯсрабоӣ ба ӯ кумак кардааст, ба муддати 7 сол зиндонӣ кард.
Марс Бодошевро бар асоси моддаҳои "Маҷбур кардани зан ба никоҳ, рабудани зан барои ақди никоҳ” ва "Куштор" гунаҳкор эълон карданд. Фоҷеа моҳи майи имсол рух дод. Бурулай Турдаалӣ-қизӣ рӯзи 27-уми май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон аз захми корд ҷон дод. Пеш аз ин, волидони ин духтар ба пулис хабар доданд, ки марде Бурулай Турдаалиро рабуд.
Пулиси роҳ мошини Бодошевро дар канораҳои Бишкек манъ кард ва онҳоро ба идораи пулис овард. Дар идораи пулис Бодошев барои суҳбат бо Бурулай Турдаалӣ иҷозат гирифт ва дар ҷараёни сӯҳбат ба ӯ ҳамла кард. Бодошев баъдан худро низ бо корд захмӣ кард. Ин қазия мавриди интиқоди президент Сооронбой Ҷеенбеков қарор гирифт ва дар пайи ин Вазорати корҳои дохилӣ 23 кормандашро муҷозот ва аз ҷумла 13 нафарро аз мақом барканор кард.
Як таҳқиқоти Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Қирғизистон собит кардааст, ки ҳамасола дар ин кишвар ҳудуди 8 ҳазор духтар дуздида мешавад ва бештари онҳо мавриди хушунат ва озор қарор мегиранд. 80 дарсади дуздишудаҳо маҷбур мешаванд, ки ҳамсариро бипазиранд ва танҳо ба 20 дарсад имкон даст медиҳад, ки фирор кунанд. Бар асоси маълумоти “Маркази ёрӣ барои занон” ва ниҳоди “Қиз коргон”, ҳамарӯза дар Қирғизистон 32 духтари ҷавон дуздида ва 6 нафари онҳо мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегиранд.
Ахиран духтари 20-солае баъди талошҳои дуҳафтаина тавонист аз хонаи марди солманди бегонае, ки ӯро дуздида буд, фирор кунад. Вале дар ниҳоят волидонаш аз ӯ рӯ гардониданд. Барои фирор аз хонаи шавҳари маҷбурӣ ба ин духтар, ки исмаш бо андешаҳои ахлоқӣ нашр намешавад, ҳомиёни ҳуқуқ ва кормандони пулис кумак карданд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мушкили ин духтар дар он аст, ки бо вуҷуди раҳоӣ аз дасти шавҳари арӯсдузд, наметавонад ба зиндагии қаблияш баргардад. Ин духтар дар як сӯҳбат бо телевизиони “Настоящее время” гуфт, “ба пеши момодоя рафтам, то дар мавриди таҷовуз шуданам санад бидиҳад. Табиб мард буд ва хиҷолат мекашидам. Ӯ бо шӯхӣ гуфт, ба ман кумак намекунад. Чунин муносибатро кормандони пулис ҳам раво диданд. Гуфтанд, ки эҳтимол ҳама чиз бо розигӣ рух додааст ва ман зани ботаҷриба шудам. Ҳамсояҳо ба ман тарзе муносибат карданд, ки гӯё худи ман гунаҳкорам. Модарам гуфт ба додгоҳ шикоят накунам. Барои ин ҳама ман деҳаамонро тарк кардам ва ба Бишкек омадам”.
Байни обу оташ
Арӯсрабоиро дар Қирғизистон як анъанаи қадимаи миллӣ мегӯянд, ки дар гузашта бисёриҳо бо ҳамин шева ҳамсари ояндаи худро интихоб мекарданд. Вале фаъолону ҳомиёни ҳуқуқи зан ин таҷрибаро ғайри қобили қабул ва хилоф бо меъёрҳои ҳуқуқи инсон арзёбӣ карда мегӯянд, издивоҷи маҷбурӣ бо зане, ки дуздида шудааст, саропо ҷиноят аст. Бо вуҷуди ин ки Кодекси ҷиноӣ барои арӯсрабоӣ зиндонро пешбинӣ мекунад, ҳамоно ҷавонмардони бисёр ин василаро барои ба хона овардани арӯси худ интихоб мекунанд.
Бар асоси анъана, баъди он ки духтарро бо зӯрӣ ба хонаи мард меоваранд, занҳои бузургсолтари хешу табораш ӯро тассалӣ медиҳанд. Моил мекунанд, ки ба арӯсӣ розӣ шавад ва талош мекунанд, ба ӯ рӯймоли сафед бипӯшонанд.
Агар духтар талош кунад, ки аз хона фирор кунад, бибияш дар остонаи дар мехобад ва монеи рафтанаш мешавад. Агар бо ин вуҷуд ҳам духтар аз хонаи домод берун шуд, ӯро мазаммат мекунанд, ки анъанаҳои миллиро пушти по зад. Бархе мардон талош мекунанд, баробари ба хона овардани духтар, бо ӯ ҳамхоба шаванд, то ки ӯ дигар илоҷе барои рафтан пайдо накунад.
Шонси барпо кардани оила барои чунин духтарҳо баъди фирор аз хонаи арӯсрабо хеле кам мешавад ва бисёр вақт духтар зери бори интиқоди наздикон қарор мегирад. Бештари духтарҳо дар ин ҳолат байни обу оташ мемонанд.
Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки дӯстдоштаҳо барои сарфаҷӯйӣ аз хароҷот дар тӯй аз ин анъана истифода мекунанд. Дар ин сурат ин ойин танҳо моҳияти рамзӣ дорад. “Дар тамоми муроҷиатҳое, ки ба дасти мо мерасад, духтарҳо аз таҷовуз шуданашон шикоят мекунанд. Ин як василаест, ки духтарро маҷбур мекунад дар хонаи рабояндааш бимонад. Баъди шаби аввали ҳамхобагӣ мард фикр мекунад, ки духтар дигар ҳеч куҷо намеравад”, - мегӯяд роҳбари Бунёди ҷамиятии “Открытая линия” Мунара Бекназарова.
Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ, дар Қирғизистон, дар сатҳи миллӣ мушкили дуздидани арӯсҳо то кунун таҳқиқ нашудааст. Аз ин рӯ намешавад гуфт, ки вазъ то куҷо хуб ё бад шудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид мекунад, ки тибқи таҳқиқоти ниҳодҳои “Занони СММ” ҳудуди 20 дар сади духтарон дар Қирғизистон маҳз бар асоси зӯрӣ ё хушунат оила бар по мекунанд.
Бекназарова бо такя ба назарпурсие, ки миёни мардҳо дар мавриди шеваҳои арӯсдуздӣ гузаронида шудааст, мегӯяд, бештари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз посухи ради духтарҳо ва шармандагӣ ҳарос доранд. “Ин кирдор зеҳнияти онҳоеро бармало нишон медиҳад, ки зан як мутеъ аст ва ҳаққи тасмимгириро надорад”, - гуфт ин вакили мудофеъ.
Барои 700 маврид як парванда
Соли 2012 дар моддаи 155-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон тағйирот ворид шуд, ки тибқи он барои дуздидани хушунатомези занон ҷиҳати барпо кардани оила ҷазо пешбинӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти Додгоҳи Олии Қирғизистон дар солҳои 2013-2015 аз рӯйи ин модда 52 ҳукм содир шуда, 13 парванда қатъ ва 20 парвандаи дигар дубора ба додситонӣ баргардонида шудааст.
Тибқи омори Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ин омор чандон баланд нест ва ба ҳисоби миёна, бар сари ҳар 700 ҳолати арӯсдуздӣ як парвандаи ҷиноӣ рост меояд. Вакилони дифоъ кам будани парвандаҳои ҷиноиро ба он рабт медиҳанд, ки бештари духтарони дуздидашудаҳо ба сарнвишти худ тан медиҳанд ва бо мард созиш мекунанд, ваё зери фишори наздикон парвандаи ҷиноиро қатъ карда, шикоятҳои худро пас мегиранд.
Дар бештари маврид аз сабаби дониши ками ҳуқуқӣ, духтарони ҷавон фурсатҳои муносиб барои муроҷиат ба мақомоти дахлдорро аз даст медиҳанд. “Дар марҳилаи аввал, замоне ки зарурати ҷамъ овардани шавоҳиди зарурии одамрабоӣ ва хушунат пеш меояд, одатан ба мо муроҷиат намекунанд. Замоне муроҷиат мекунанд, ки аллакай хеле вақт гузаштааст ва санад кардани мавридҳои таҷовуз имконнопазир мешавад”, - шикоятомез гуфт Мунара Бекназарова.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, ҳатто агар духтар бихоҳад парвандаро то охир барад, раванди таҳқиқ тӯл мекашад ва ӯ ба монеаҳои бисёре дучор мешавад ва дар охир ба натиҷаи зарурӣ намерасад.
Бар асоси қонун, мӯҳлати ҷазо барои арӯсрабоӣ аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
“Арӯсро бештар дар минтақаҳо медузданд”
Ракия Раҳматова, ҳуқуқшиноси маркази буҳрони «Сезим» мегӯяд, бо вуҷуди ҷорӣ шудани моддаи муҷозоткунанда барои арӯсрабоӣ, ин таҷриба дар минтақаҳои дурдаст ҳамоно ҷой дорад. “Агар аз рӯи шумораи муроҷиатҳо баррасӣ кунем, масъалаи дуздидани арӯс дар минтақаҳои ҷанубӣ дар сатҳи хеле баланд вуҷуд дорад”, - мегӯяд Раҳматова. Ба гуфтаи ӯ, дар байни муроҷиаткунандагон занҳое ҳам ҳастанд, ки муддати дароз бо ҳамсарҳояшон зиндагӣ мекунанд, аммо никоҳи онҳо аз аввал бар асоси дуздӣ бунёд шудааст.
Вакили мудофеъ гуфт, ҳассосияти ин духтарон дар баробари фишори ҷомеа ва таассубҳои суннатӣ намегузорад, ки то охир барои ҳуқуқи худ мубориза баранд. “Бархе шояд намехоҳанд, ки ин чиз ба муносибати онҳо халал расонад ва обрӯяшонро доғдор кунад. Бисёриҳо мехоҳанд, ягон ҷо раванд ва тамоман инро фаромӯш кунанд. Барои таҳсил ва ё муҳоҷират бираванд ва ин марҳилаи зиндагии худро хат бизананд”, - изҳор дошт Раҳматова.
Вале ба назари намояндаҳои давлат пас аз ворид кардани тағйирот ба қонун вазъият беҳтар шудааст. Бар асоси як тағйирот ба Кодекси оилаи Қирғизистон, дар сурати маҷбур кардан барои никоҳ ҳам волидони духтар ва ҳам мулло ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бархе мақомот мегӯянд, барои муассир шудани мубориза бо ингуна ҷиноятҳо инчунин бояд бо кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳо ҳам ҷудогона кор бурда шавад.
Комментарии (0)