Тереза Мэй "наҷот" ёфт ва нахуствазир боқӣ монд
Тереза Мэй рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми декабр тавонист раъйи эътимоди ҳамҳизбиҳои худро ба даст оварад ва бори дигар ба унвони раҳбари Ҳизби муҳофизакор интихоб шавад ва дар натиҷа мақоми нахуствазирии Бритониёро ҳифз кунад.
Хонум Мэй ба ҳимояти ҳадди ақал 159 тан аз намояндагони Ҳизби муҳофизакор ниёз дошт, то ҷойгоҳи худро дар мақоми нахуствазирӣ барои 12 моҳи дигар ҳифз кунад ва барномаҳояш барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро амалӣ намояд. 200 нафар аз ҳамҳизбиҳояш ба тарафдории ӯ раъй доданд ва 118 нафар мухолифат карданд.
Хонум Мэй пас аз гирифтани раъйи эътимод ба хабарнигорон гуфт, "аз ба даст овардани раъйи эътимод ва ҳимояти ҳамкоронам хушҳол ҳастам. Мо акнун ниёз дорем, ки Брекзитро барои мардуми Бритониё анҷом диҳем."
Аҳзоби мухолиф ва гурӯҳе аз ҳамҳизбиҳои Тереза Мэй мегӯянд, ки аз тавофуқи хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо (Брекзит) ба наҳвае, ки ҳукумати Мэй ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо як моҳи пеш бар сари он ба созиш расиданд, пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Сиёсатмадорони тарафдори Брекзит дар Бритониё мегӯянд, ки созиши як моҳи пеш, Бритониёнро беш аз ад наздик ва вобаста ба Иттиҳодияи Аврупо нигоҳ медорад. Аз сӯи дигар, сиёсатмадорони мухолифи Брекзит низ мегӯянд, ки тавофуқи ёдшуда, байни Бритониё ва бузургтарин шарикони тиҷоратиаш девор мешавад ва бисёре аз ҷузъиёти робитаҳои оянда бо Аврупоро номушаххас боқӣ мегузорад.
Дар пайи ин интиқодҳо, Тереза Мэй ба ин натиҷа расид, ки эҳтимолан тарҳи марбут ба чигунагии хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо дар порлумони Бритониё раъйи кам биорад ва ин раъйгирии сарнавиштсозро, ки қарор буд рӯзи шанбе баргузор шавад, ба таъхир андохт. Ин амр боиси хашми ҳамҳизбиҳои Тереза Мэй шуд ва шуморе аз онҳо ба додани раъйи адами эътимод алайҳи нахуствазир даъват карданд.
Бритониё бояд 29-уми марти соли 2019 аз Иттиҳодияи Аврупо берун шавад. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҷаласаи 25-уми ноябр созишномаи Брекзит ё берун шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупоро қабул карданд. Феълан маълум нест, ки то куҷо парлумони Бритониё ҳам ин созишномаро мепазирад.
Овоздиҳӣ дар парлумон дар ин замина 21-уми январ баргузор мешавад. Аксари аъзои маҷлис зидди пазируфтани ин созишнома буда мегӯянд, ки шарту шурути созишнома оид ба берун шудани кишвар аз ИА онҳоро қонеъ намекунад. Дигарҳо мухолифи берун шудани кишвар аз ин иттиҳод буда, ба раъйпурсии нав дар заминаи Брекзит даъват мекунанд.
Комментарии (0)