Садами нақлиётии марговар дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе
Рӯзи 12-уми декабри соли 2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Эланра”, Холзодаи Оятулло, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромада, ба бетон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, мусофири дохили автомашинаи мазкур Сафарова Анорбӣ, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Комментарии (0)