Гирифтани нафақа аз ҳисоби мурдаҳо
Дар ноҳияи Қубодиён фавти нафақагирон пинҳон гардида, аз ин ҳисоб наздикони онҳо нафақаашонро мегирифтаанд. Ба иттилои Ғанизода Диловар муовини мудири БДА ҶТ Амонатбонк дар ноҳия 6 ҳолати гирифтани нафақаи нафарони фавтида ошкор гардидааст, ки маблағи умумӣ он 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфти Шамсзода Шарифхон муовини сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон аз аввали соли 2018 то имрӯз, беш аз 4 миллион сомонӣ нафақаи нафақагирони фавтида ва ба дигар мавзеъ кучбаста аз тарафи наздиконашон гирифта шудааст. Дар натиҷаи пурзур кардани фаъолият кормандони агентии мазкур маблағи зикршударо пурра ба буҷети давлат баргардониданд. Мушкилии асосӣ дар ин самт огоҳ нашудани кормандони агентӣ ва БДА ҶТ Амонатбонк аз фавти нафақагирон мебошад. Бояд мутасадиён аз фавти чунин ашхос ва кӯч бастани онҳо ба дигар шаҳру ноҳия саривақт мақомоти лозима огоҳ созанд. Дар ин маврид чунин ҳолатҳо рух намедиҳанд.
Комментарии (0)