Иддаои бадрафтории ҷинсӣ ба занони футболбози афғон
Дар идомаи баррасиҳои ҳукумати Афғонистон дар мавриди иддаои озори ҷинсии бозигарони тими мунтахаби занонаи футболи ин кишвар, Додситонии кулли Афғонистон раиси Федератсияи футбол ва шуморе аз масъулони дигари ин ниҳодро аз мақомҳояшон барканор кардааст.
Ба иловаи Киромиддин Карим, раиси Федератсияи футболи он кишвар, ҳамчунин дабири кулл, муовин, масъули кумитаи дарвозабонҳо ва ҳамчунин масъули иртибототи вилоятии Федератсияи футболи ин кишвар аз кор сабукдӯш шудаанд. Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии куллии Афғонистон ба бахшии афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иқдом бар асоси пешниҳоди ҳайате, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса ташкил шуд, сурат гирифтааст.
Дар бораи бадрафтории ҷинсӣ дар тими мунтахаби занонаи футбол аз ҷониби мансабдорони Федератсияи футболи Афғонистон, аввалин шуда рӯзномаи бритониёии "The Guardian" иттилоъ дод. Холида Пупал, капитани пешини тими мунтахаби занонаи футболи Афғонистон ба ин расона гуфта буд, мансабдорон омода буданд барои хомӯшии футболбоззанон пул диҳанд ва ба онҳое, ки норозианд, фишори ҷисмонӣ меоварданд. Худи Пупал маҷбур шудааст, ки Афғонистонро тарк намояд.
Пупалзай мегӯянд, ки санадҳо дар даст дорад
Ин бозикуни пешини тими миллии футболи занонаи Афғонистон ба яке аз маворид ишора карда ва гуфтааст, чанде пеш дар урдуи тамринии Урдун замоне, ки як аз бозикунони зан садама дид, яке аз мураббиён ба утоқи ӯ рафта ва бадани ин бозикунро ба зӯрӣ ламс кардааст.
Рӯзномаи "The Guardian" дар гузориши худ аз қавли чеҳраҳои дигар дар дастаи футболи занонаи Афғонистон навишт, ки бадрафтории ҷинсӣ дар дохили Афғонистон, аз ҷумла дар қароргоҳи Федератсияи футбол ва низ дар як кампи тамринӣ дар Урдун дар моҳи феврал сурат гирифтааст.
Холида Пупал, капитани дастаи миллии футболи духтарони Афғонистон дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ низ, масъулини Федератсияи футболи ин кишварро ба озор ва азияти ҷинсии бархе аз бозигарони ин даста муттаҳам кард.
Хонум Пупал гуфт, дар бораи бархе рафторҳои ҷинсӣ видео ва акс дар ихтиёр дорад, ки онро дар ихтиёри Федератсияи ҷаҳонии футбол ё FIFA гузоштааст. ФИФА низ пеш аз ин гуфта буд, иттиҳомоти бадрафтории ҷинсӣ дар Федератсияи футболи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.
Ашрафӣ Ғанӣ: "Таҳаммули беахлоқиро надорам"
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ пас аз расонаӣ шудани ин қазия дар мулоқот бо масъулини Федератсияи футболи он кишвар гуфтааст, "дар сурати исбот шудани ин иттиҳом, ба муртакибони шадидтарин ҷазо дода хоҳад шуд.
Иттиҳоми бадрафтории ҷинсӣ дар низсаби духтарони футболбоз, аз сӯи Федератсияи футболи Афғонистон радд шудааст. Бархе аз бозикунони дасти миллии футболи Афғонистон низ дар мусоҳиба ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, иттиҳоми воридшуда асосе надорад. Онҳо ҳамзамон гуфтаанд, ҳукумати Афғонистон бояд иддаои бадрафтории ҷинсӣ дар Федератсияи футболро ҳамаҷониба баррасӣ кунад.
Мураббии тоҷик: "Ба бозигарон чун падар муносибат мекунам"
Сулаймон Бобокалонов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо тими миллии занонаи Афғонистон хуб ошност. Ба гуфтаи вай, дар мусобиқаи байналмилалие, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ аз 23-уми ноябр то 1-уми декабри соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор кард, бо тими Афғонистон рақобат карда, бо ҳисоби 50 ғолиб омадааст.
Мутахассиси футболи тоҷик Бобокалонов, ки аз 15 сол ба ин тараф тими мунтахаби занонаи футболи кишварро раҳбарӣ менамояд, аз хабари бадрафтории ҷинсӣ дар нисбати бозигарони тими занони кишвари ҳамсоя изҳори таассуф кард. Бобокалонов, ки дар Афғонистон бошгоҳҳои футболи Лигаи бартари ин кишварро тамрин додааст, аз раиси Федератсияи футболи Афғонистон Киромиддин Киром, ки ин навъи варзишро дар Афғонистон рушд додааст, ситоиш кард.
"Дар тӯли 15 соли фаъолияти банда, ба ҳайси сармураббии дастаи занонаи Тоҷикистон, ягон ҳолати бадрафторӣ нисбати духтарони футболбоз аз ҷониби касе мушоҳида нашудааст. Ман ба онҳо ҳамчун падар муносибат мекунам ва дар назди волидони онҳо ҳам ҷавобгар ҳастам",-афзуд вай.
Комментарии (0)