Милитсионерҳо маркази Душанберо аз партов тоза карданд

Милитсионерҳо маркази Душанберо аз партов тоза карданд
Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар қаламрави хиёбони Рӯдакӣ шанбегӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, роҳбарияти ВКД низ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.
“Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атрофи роҳравҳои марказии шаҳри Душанбе аз ҳар гуна партовҳо, аз ҷумла аз баргҳои хушкшудаи дарахтон кормандони Хадамот дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли литсейҳои касбӣ-техникии шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ чорабинии мақсаднок доир намуданд”, - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо роҳбарии Сардори Хадамот полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор Абдуқаҳор ба роҳ монда шуда, дар он наздики 200-нафар иштирок намуданд.
“Кормандони Хадамоти мазкур ва ҷавонони фаъол бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе роҳравҳои хиёбони Рӯдакиро оғоз аз Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маркази савдои «Садбарг» аз баргҳои хушкшудаи дарахтон ва дигар партовҳо тоза намуданд”, - қайд мешавад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки чунин корҳои созанда агар аз як ҷихат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро софу беғубор менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий