Сафири нави Чин дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро қабул кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегиро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, чонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бинро ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояш комёбӣ ва ба кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.
Тибқи маълумоти яе манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, Лю Бин то замони таъйин ба вазифаи сафири Чин дар Тоҷикистон ба ҳайси муовини мудири департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Чин фаъолият мекард.
Комментарии (0)