Кумаки Эрон ба футзалистони ҷавони тоҷик дар роҳёбӣ ба даври финалии Чемпионати Осиё
Мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) ба даври финалии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2019, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, роҳхат гирифт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти даври интихобӣ дастаҳои зерин ба ин мусобиқа роҳ ёфтанд: Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон (минтақаи Марказӣ); Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ (минтақаи Ғарбӣ); Ҷопон, Тайбэйи Чин (минтақаи Шарқӣ) ва Тайланд, Ветнам ва Индонезия (минтақаи Уқёнус).
Гуфта мешавад, мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқот дар Тошканд зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар бозии ҳалкунанда футболбозони тоҷик аз дастаи Афғонистон бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрданд.
Даста имкони худро мунтазир буд, зеро агар мусобиқоти Чемпионати Осиёро Эрон қабул мекард, пас дастаи Тоҷикистон ба як ҷойи холишуда довталабӣ карда метавонист.
Гап сари он аст, ки тими Эрон дар гурӯҳи худ зинаи аввалро ишғол намуда, ҳамчун мизбон бидуни натиҷаи марҳилаи инихобӣ дар чемпионат иштирок мекунад. Дар натиҷа дар даври финалӣ ҷойи як даст холӣ мемонд.
Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд: Конфедератсияи футболи Осиё қарор кард, ки чемпионат маҳз дар Эрон гузаронида мешавад ва ин ба футболбозони тоҷик имкон дод, ки ба даври финалии мусобиқа роҳхат гиранд.
Дар мусобиқоти Чемпионати дуюми футзали Осиё байни ҷавнон 12 даста ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ дастаҳо ба 3 гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд.

Комментарии (0)