Риёз гуфт, ки гумонбарони куштори Хошуқҷиро истирдод намекунад

Риёз гуфт, ки гумонбарони куштори Хошуқҷиро истирдод намекунад
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр
"Мо шаҳрвандонамонро истирдод намекунем", - гуфт Одил ал-Ҷубайр рӯзи 9-уми декабр ба хабарнигорон дар Риёз, дар фарҷоми нишасти Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷи Форс.
Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Арабистони Саудӣ талаб кард, ки гумонбарони куштори рӯзноманигори дигарандешро ба Анқара таслим кунад.
Ҷамол Хошуқҷӣ, мақоланависи нашрияи The Washington Post, ки дар Амрико ҳаққи иқомати доимӣ дошт, рӯзи 2-юми октябр, вақте барои издивоҷаш санад ҷамъ мекард, дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шуд.
Саудӣ беш аз ду ҳафта пофишорона мегуфт, ки Хошуқҷӣ аз консулгарӣ хориҷ шуда буд. Аммо баъдан иқрор кард, ки журналистро дар консулгарӣ куштанд.
Додгоҳи Арабистони Саудӣ дар заминаи ин куштор амри боздошти раҳбари пешини истихбороти Саудӣ Аҳмад ал-Асирӣ ва мушовири додгоҳи салтанатӣ Сауд ал-Қаҳтониро содир кард.
Ҳарду баробари ошкор шудани марги Хошуқҷӣ дар консулгарӣ, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Туркия мегӯяд, ки 15 намояндаи Саудӣ барои куштани рӯзноманигор ба Туркия омада буд.
Ба гуфтаи раҳбари Идораи истихбороти ИМА Ҷина Ҳаспел далелҳо қотеона ба даст доштани валиаҳди Саудӣ дар ин куштор ишора мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий