Ҳабс шудани ноиб-сарвазири пешин

Ҳабс шудани ноиб-сарвазири пешин
Дуйшенбек Зилолиев, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шуд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Учкун Каримов хабар дод.
Додгоҳ қарори ҳабси Зилолиевро содир кард.
Ёдрас мешавем, нисбати Зилолиев бо моддаи «истихроҷи ғайриқонунӣ» айб эълон шуда буд. Тафтишот мегӯяд, вай қисме аз дороияшро дар эъломияаш сабт накардааст.
Аммо Зилолиев ин айбҳоро рад мекунад. Вай ҳангоми берун шудан аз толори додгоҳ рӯзи 9 декабр гуфт, дороияшро пинҳон накардааст ва дар фурсатҳои наздик ҳуҷҷатҳоро дастраси омма мегардонад.
Дуйшенбек Зилолиев дар ғайриқонунӣ додани иҷозатномаи истихроҷи кон гумонбар мешавад. Ба иттилои мақомот, вай ҳангоми ба ҳайси роҳбари Оҷонсии давлатии геология ва сарватҳои зеризаминӣ кор кардан, чунин иҷозатнома додааст.
Баъди маросими савгандёдкунии президент Сооронбой Ҷеенбеков дар таърихи 24 ноябри соли 2017 нисбати Зилолиев бо моддаи «Хабари бардурӯғ дар бораи терроризм» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳ ӯро шартан 3 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий