Ҳалокати ду набераи акаи Асомиддин дар роҳи Турсунзода
Рӯзи 9 декабр, соати тақрибан 16 дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, дар наздикии шаҳри Турсунзода бар асари бархӯрди ду мошини "Тойота Королла” ва "Опел-Караван” ду набераи хурдсоли ронандаи "Опел” ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сабина ва Мадина, набераҳои Асомиддин ҳамагӣ 6 ва 8 сол дошта, ҳамроҳи бобояшон аз Шаҳринав ба Турсунзода мерафтанд. Гуфта мешавад, суръати баланди "Тойота” сабаби ин садамаи марговар шудааст.
Асомиддин, ронандаи мошини "Опел-Караван”, ки дар садамаи нимаи дуюми рӯзи 9 декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ду набераи хурдсолашро аз даст дод, бо алам ба худ нафрин мехонд, ки чаро набераҳояш Сабинаҷону Мадинаҷонро дар ин сафар бо худ гирифтааст?
Мошини Асомиддин соати тақрибарн 16 дар роҳи сафар аз ноҳияи Шаҳринав ба шаҳри Турсунзода дар наздикии ин шаҳр ба як мошини "Тойота-Королла” бархӯрд.
Асомиддин мегӯяд, суръати мошини ӯ баланд набуд. Ӯ беэҳтиётии ронандаи "Тойота Королла”-ро сабабгори ин садама мешуморад ва мегӯяд, ронандаи "Тойота” бо суръати хеле баланд ҳаракат мекард ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар фосилаи ҳамагӣ 100 метр аз ҷои исти кормандони БДА ба мошини ӯ бархӯрд.
Сабинаҷону Мадинаҷон ҳамагӣ 6 ва 8 сол доштаанд ва бо шавқу шодӣ ҳамроҳи бобояшон ба сафари шаҳри Турсунзода баромада буданд. Бехабар аз онки ин охирин сафари онҳо хоҳад шуд...
Бар асари бархӯрди "Тойота-Королла” бо "Опел-Караван” дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ҳамчунин се нафари дигар – Иноятхон Собирова, Роҳатхон Собирова ва Файзалӣ Ашӯров – ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Онҳоро ба бемористони Қараболи шаҳри Турсунзода оварданд. Хабарнигори сомонаи "Ахбор” аз бемористон хабар дод, ки Иноятхон ва Роҳатхон Собироваҳо, ҳарду истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода буда, якеро шишапораҳои мошин сару рӯяшро буридааст ва дигаре бо пойи шикаставу сари аз се ҷояш кафида, дар ин беморхона бистарӣ шудаанд.
Бино ба омори вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз аввали сол дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар ҳудуди 350 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тан маъюб шудаанд.
Комментарии (0)