БА “ҚУРЪОН” ҚАСАМ, КИ ПОРА НАМЕГИРЕМ...
Кормандони милиса ноҳияи Юқоричирчиқи вилояти Тошканд ахиран дар ҳузури сархатиби ноҳия бо китоби муқаддаси "Қуръон” қасам хӯрдаанд, ки "пора намегиранд” ва "тамаъҷӯӣ намекунанд.” Қасам хӯрдан бо "Қуръон” барои мусулмон қасами хеле вазнин аст ва бисёриҳо умедворанд, ки ин қасам шояд кормандони милисаро як каме аз қалбдастӣ манъ кунад. Як вақте президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ вазиронашро бо "Қуръон” қасам дода буд, ки ҳалол кор кунанд ва даст ба фасод назананд.
Ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти ҳифзби ҳуқуқи ноҳияи Юқоричирчиқи вилояти Тошканд дар ҳузури имом-хатиби ноҳия бо китоби муқаддаси "Қуръон” қасам хӯрданд, ки "пора намегиранд” ва "тамаъҷӯӣ намекунанд.” Акси маросими савганди кормандони милисаи ноҳияи Юқоричирчиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, сарусадоҳои гуногунеро барангехтааст.
Як корманди ВКД Ӯзбекистон ба радиои "Озодлик” хабар дод, ки маросими савганди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорчӯби барномаи давлатии мубориза бо коррупсия анҷом шуда, ҳадафаҳ иҷрои қарори президент Шавкат Мирзиёев дар мавриди иҷрои талаботи қонуни мубориза бо коррупсия мебошад.
Як корманди ШКД ноҳияи Юқоричирчиқ ба шарти набурдани номаш гуфт, "дар ин ҳафта кормнадони милисаи Юқоричирчиқ се дафъа дар ҷаласаҳои бахшида ба масоили поймол кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва рафтори хидматӣ ва мубориза бо фасоду тамаъҷӯӣ иштирок карданд.”
Ба гуфтаи ӯ, маросими адои савганди кормандони милиса дар ҳузури сархатиби ноҳияи Юқоричирчиқ доир шудааст: "Кормандони милисаи ноҳия даст рӯи китоби "Қуръон” гузошта, қасам хӯрданд, ки пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд.”
Сархатиби ноҳия аз шарҳи маросими савганди кормандони милиса худдорӣ кардааст, вале ба фикри як устоди Академияи ВКД Ӯзбекистон, маросими бо "Қуръон” қасам додани кормандони милисаи Юқоричирчиқ фармон аз боло нест: "Ман фикр мекунам, ки ин кор бо ташаббуси роҳбарони худи милисаи ноҳия шудааст. Маросими адои савганд бо ширкати нозирон аз аввали сол гузаронда шуда истодааст. Вале аз вазорат фармон надодаанд, ки кормандони милиса бояд бо "Қуръон” қасам бихӯранд.”
Моҳи ноябр дар бархе вилоятҳои Ӯзбекистон маросими адои савганди деҳқонон доир шуд. Онҳо қасам хӯрданд, ки ба касби худ содиқ монда, ба рушди кишвар саҳм мегузоранд ва даст ба корҳои ҳаром намезананд.
Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон ахиран маросими адои савганди кормандони тиб низ доир шуда буд.
Илова аз "Ахбор”: Баъд аз интихоботи соли 2006 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аъзои ҳукумати навашро як-як ба ҳузури худ даъват карда, ҳар кадомро бо китоби "Қуръон” қасам дода буд, ки дар мақоми худ ба фоидаи давлату миллат ҳалол кор мекунанд ва даст ба фасод ва ягон ҳаромкорӣ намезананд. Вале ин анъанаи бо "Қуръон” қасам додани мансабдорон дар Тоҷикистон баъдан дигар истифода нашуд.
Комментарии (0)