Газу маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх ворид мешаванд?

Газу маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх ворид мешаванд?
Тоҷикистон тайи 10 моҳи соли равон 362 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, арзиши умумии маҳсулоти воридшудаи нафтӣ дар 10 моҳи соли равон 252,8 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ба ҳисоби миёна ба 698 доллар сари ҳар тонна баробар аст.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба Тоҷикистон 358 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бо арзиши 210,4 миллион доллар ворид шудаст, ки сари ҳар тонна 587 долларро ташкил медод.
Таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маводи сӯхт Русия буда, инчунин ин навъи маҳсулот аз Туркманистону Қазоқистон низ ворид шудаанд.
Дар ҳамин ҳол воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон ба 316,5 ҳазор тонна бо арзиши 147,7 миллион доллар, ё ба 466 доллар сари ҳар тонна баробар шудааст.  Дар ҳамин давраи соли гузашта  нархи миёнаи ҳар тонна гази моеи воридотӣ 454 доллари амрикоиро ташкил дода буд.  Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, 60 дарсади воситаҳои нақлиёт дар кишвар ба истифодаи гази моеъ гузаштаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий