Ошкор гардидани силсиладуздиҳо

Ошкор гардидани силсиладуздиҳо
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 50-солаи сокини шаҳри зикргардида бо ариза муроҷиат намудааст, ки 24-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 200-доллари амрикоӣ, 750-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 36.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрвандон; марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 3 ва 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 18-солаи сокини ҳамон ҷо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 
Тафтишот муайян намуд, ки худи онҳо 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз он ҷо 29.500-сомонӣ, 1300-доллари амрикоӣ, 16.000-рубли русӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галакси 3”, ҷамъ ба маблағи 44.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий