Чорводузд ба даст афтод

Чорводузд ба даст афтод
Ба мақомоти милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 25-уми ноябри соли равон, тахминан соати 23:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии “Гургдара”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ҳамин ноҳия 3-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 7500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий