Абубакру Умар ва Фотимаю Зӯҳро: таваллуди чоргоник дар Бадахшон (2 АКС)
Маҳдиҷони Шукрихудо ва Меҳрангези Саломатшо – сокинони деҳаи Сангеви ҷамоати Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз баъди чорсоли издиҷов якбора соҳиби чоргоник – ду писар ва ду духтар шудаанд. Падару модари хушбахт фарзандони нахустини худро Абубаку Умар ва Фотимаву Зӯҳро ном кардаанд. Аз аввали сол ин алакай сеюмин таваллуди чоргоник дар Тоҷикистон аст, вале дар вилояти Бадахшон таваллуди чоргоник бори аввал сабт мешавад.
Бино ба гузориши хабаргузории "Ховар”, дар оилаи Маҳдиҷони Шукрихудо ва Меҳрангези Саломатшо аз деҳаи Сангеви ҷамоати Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз якбора чоргоник – ду писару ду духтар ба дунё омадаанд. Табибони беморхонаи Дарвоз гуфтаанд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуди чоргоник бори аввал сабт мешавад.
Модари хушбахти ин тифлони чоргоник Меҳрангези Саломатшо ба "Ховар” гуфт: "Ба ҷуз хешу табор одамони зиёди ношинос ба хона омада, маро табрик мекунанд. Ман чаҳор сол пеш шавҳар кардам. Дар давоми чор сол фарзанд наёфтам. Баъди табобат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе соҳиби ин чоргоникҳо гаштам. Номашонро Абубакру Умар ва Фотимаву Зӯҳро гузоштам. Ба гуфтаи табибони беморхонаи ноҳия, ин бори аввал аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоргоникҳо ба дунё омаданд. Ман хеле хушҳолам, ки чунин бахти баланд насиби ман гардид.”
Модари Меҳрангез дар беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Нулванд ба ҳайси момодоя кор мекунад ва ҳоло дар нигоҳубини кӯдакон ба духтараш кумак мекунад.
Комментарии (0)