Порлумони Британия санади дохилии Facebook-ро ошкор кард
Порлумони Британия рӯзи чоршанбе 200-саҳифа санади дохилии Facebook-ро нашр кард. Аз ин санадҳо бармеояд, ки соли 2012 раҳбари ширкати Facebook Марк Зукерберг бо боварӣ буд, ки дар ягон маълумоти корбарон аз як барномасоз ба дигаре намегузарад. Баъди се сол маълумоти 87 миллион корбари ин шабака дар ихтиёри ширкати Cambridge Analytica қарор гирифт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 6 декабр гузориш дод.
Аз санадҳои дохилии Facebook чандин натиҷа ҳосил мешавад.
Тавре маълум шуд, ширкат дастрасии таҳиягарони барномаҳо ба хазинаи маълумоти корбаронро маҳдуд кард, аммо ширкатҳои бузурге мисли Netflix, Airbnb ва Badoo истисно шуданд.
Ба ғайр аз ин, раҳбарияти Facebook роҳҳои чӣ тавр аз корбарон пинҳон кардани ҷамъоварии маълумот дар бораи зангҳо ва паёмҳои онҳоро баррасӣ карда буд. Сохтори Facebook бояд корбаронро аз ин барнома огоҳ мекард. Аммо зоҳиран ширкат тавонист ин мушкилотро ҳал кунад. Бисёр корбарон ба таблиғоти ҳадафмандона рӯ ба рӯ мешаванд, ки танҳо дар натиҷаи пайгирии фаъолияти онҳо дар шабакаҳо имконпазир аст.
Ва ниҳоят, Facebook бо рақибонашро фаъолона мубориза мебурд. Тавре дар санадҳои дохилии ширкат гуфта мешавад, моҳи январи соли 2013 Facebook дастрасии хадамоти Vine-ро ба барномаи "ҷустуҷӯи дӯстон" масдуд кард, то аз манбаҳои шабака истифода накунад. Зукерберк шахсан аз ин қарор пуштибонӣ кардааст.
Комментарии (0)