Мусодираи қариб 100 тонна дорувории пастсифат дар 11 моҳ
Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 127 тонна дорувории тиббии пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва ба ин монанд маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакон мусодира шуд. Ҳудуди 95 тонна аз ин ҳаҷми зикршударо доруворӣ ташкил медиҳад, ки муҳлати истифодаи 40 тоннаи он гузаштааст.
Зимни суханронӣ рӯзи чорашанбеи ҳамин ҳафта дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода дар ин робита изҳор намуд, ки аз оғози сол дар ин маврид 500 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, маблағи умумии ҷаримаҳо беш аз 1 млн. сомониро ташкил додааст. Аммо бо қарори президент, минбаъд ҷазо барои чунин амал сахттар шуда, маблағи ҷаримаҳо зиёд мешавад.
Ҷаримаҳои зиёд барои воридоти заҳр
Рӯзи чоршанбе вакилон тағйироту иловаҳои пешниҳодшударо аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекс “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ ва маъқул шумориданд, ки ба сангинтар шудани масъулият барои воридоти ғайриқонунӣ ва фурӯши дорувории тиббии пастсифат, ғайримеъёрӣ, муҳлаташ гузашта ва қалбакиву сохта, ҳамчунин ба ин монанд маҳсулоти ғизойӣ равона гардидаанд.
Мувофиқи тағйирот, барои чунин қонуншиканӣ шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 55 сомонӣ аз 1 январи соли 2019) ва шахсони мансабдор – аз 150 то 200 нишондиҳандаи ҳисоб ҷарима баста мешаванд.
Барои шахсони ҳуқуқӣ бошад, ҳаҷми ҷаримаҳо ба аз 500 то 700 нишондиҳандаи ҳисоб баробар аст.
“Дар сурати такрор шудани чунин қонуншиканӣ ҳаҷми ҷаримаҳо афзуда, барои шахсони воқеӣ – аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоб, барои мансабдорон – аз 300 то 500 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 700 то 1000 нишондиҳандаи ҳисобро ташкил медиҳанд.
“Имрӯз дар саросари дунё воридот ва фурӯши дорувории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта 12% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, пас аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва аслиҳа, ин сеюмин мушкилоти сартосарӣ (глобалӣ)-и ҷаҳони муосир аст”, - қайд кард вазир.
Комментарии (0)