Талафоти вазнини «Ансоруллоҳ»-и наҳзатӣ
Расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки зимни як амалиёти муваффақонаи мақомотҳои низомии ин кишвар дар қарияи (деҳаи) пули Сучи дараи Хустаки вулусволии (ноҳияи) Ҷурми вилояти Бадахшон 3 нафар ҷангиёни ашаддии созмони террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии ҲНИ) кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷангиёни кушташуда бо тахаллуси Абуталҳа (30 сола, миллаташ тоҷик, зодаи н.Нуробод), Додуллоҳ (41 сола, миллаташ тоҷик, зодаи ш.Исфара), Усмон ва ё Мавлавӣ Ҳамза (Ядгаров Ҳикматулло Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ш.Истаравшан) мебошанд, ки солҳои зиёд дар пойгоҳҳои террористӣ машқу тамрини низомӣ дида, барои ҳамла ва интиқоли ҷангу хунрезӣ ба хоки Тоҷикистони азиз мунтазири амри саркардагони хоину беватани хеш аз Аврупо буданд, аммо:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, сари хеш чу гирдоб хӯрад...
Ҷасади бесоҳибу хору зори ин ҳамватанони “муҷоҳид”-и моро дар мазори ғарибони деҳаи Хули дараи Хустаки вулусволии Ҷурм мардуми маҳаллӣ гуронданд.
Захмишудагон Абуаҳмад (35 сола, зода ва сокини шаҳри Душанбе, оиладор), Қаҳҳор (40 сола) Абуҳурайра ва Қорӣ Фатҳуллоҳ (соли таваллудаш 2000 писари Насриддинов Рустамхӯҷа Насиллохоҷаевич, роҳбари ҷангиёни тоҷики дараи мазкур), бо “куфу суф” ва “тумору таштоб “-и Толибон дар хонаи доктор Фируз табобат мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дараи Хустак чанд сол аст, ба макони будубоши аъзоёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” табдил ёфтааст. Ба қавли сокинони маҳал аксари ин “меҳмонони нохонда”, махсусан занону фарзандони онҳо ҳоли табоҳ дошта, орзуи бозгашт ба Ватанро доранд, вале саркардагони асолатбохта ва хуношоми онҳо ба таҳдиди марг ва фишору зӯрӣ иҷозат намедиҳанд, ки ба назди хешу ақрабо ва оғуши зодгоҳи азизи хеш баргарданд.
Амири беватан зору ҳақир аст,
Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст!
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” соли 2006 аз ҷониби се нафар бунёдгузорони Ҳизби наҳзати исломӣ: Раҳимов Абдулло (“мулло Абдулло”, соли 2011 дар Рашт кушта шуд) Табаров Амриддин (соли 2015 дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Кунари Афғонистон ҳалок гардид) ва Аҳроров Қамариддин (дастгир ва ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва айни замон адои ҷазо мекунад) таъсис дода шудааст. Ин созмон қанот ё бахши низомии Ҳизби мамнуи наҳзат буда, аз ҷониби он, инчунин аз тарафи созмонҳои байналмилалии террористии “Ал-қоида”, Ҳаракати исломии Узбакистон, шабакаи Ҳаққонӣ маблағгузорӣ мегардад.
Комментарии (0)