Қасдан расонидани зарари вазнин бо истифода аз бел
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд, марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 14-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 08:30-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматиаш бо марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо бели дар дасташ буда, 1-маротиба ба сараш задааст.
Дар натича марди ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Комментарии (0)