Куштори Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии “Ҳамос” дар Теҳрон

Куштори Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии “Ҳамос” дар Теҳрон
"Бародар, пешво, муҷоҳид Исмоил Ҳаниё, раҳбари ҷунбиш, пас аз ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури ҷадиди Эрон, дар як ҳамлаи саҳюнистон ба қароргоҳи худ дар Теҳрон кушта шуд«, — менависанд хабаргузориҳои ҷаҳон бо такя ба баёнияи „Ҳамос“.

Сипоҳи посдорони Эрон ҳам субҳи 31-уми июл дар иттилоъ дод, ки маҳалли истиқомати Исмоил Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар пайи ин ҳодиса, ӯ ва як муҳофизаш кушта шуданд.

Аммо на гуруҳи „Ҳамос“ ва на Сипоҳи посдорони Эрон муфассал шарҳ надодаанд, ки ин ҳамла чӣ гуна сурат гирифтааст ва Исмоил Ҳания дар чӣ шароит кушта шудааст.

Мақомот ва низомиёни Исроил дар бораи марги Исмоил Ҳания то ҳол чизе эълон накардаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои Эрон Исмоил Ҳания як рӯз пеш дар остонаи маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, бо ӯ ва Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон, дар Теҳрон мулоқот карда буд.ИРНА бо истинод ба хабаргузории „Само"-и фаластинӣ изҳороти Мусо Абумарзуқ, узви дафтари сиёсии «Ҳамос"-ро бозтоб дода, ки дар он гуфта мешавад, «террори Исмоил Ҳания амале буздилона аст ва бепосух нахоҳад монд».

Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи кушторе нест, ки дар Эрон рух додаву мақомоти ин кишвар Исроилро ба он муттаҳам мекунанд. Дар гузашта Эрон Исроилро ба террори чандин донишманди атомии худ ҳам гунаҳкор карда буд.

Ба навиштаи CNN, артиши Исроил аз ибрози назар дар мавриди кушта шудани раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи «Ҳамос» дар Теҳрон худдорӣ кардааст. Ин шабака ба нақл аз сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки ба гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ вокуниш нишон намедиҳанд.


Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий