Роҳзанҳо маҳкум гардиданд!!!

Роҳзанҳо маҳкум гардиданд!!!
Резбонов Алиҷон Шокирович, сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, деҳаи Қаҳрамон ва Кабутов Баҳромиддин Абдуманонович, сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, маҳалаи Пахтаобод, кӯчаи Ғалаба, хонаи 14 шаби 04.08.2018, тахминан соатҳои 01-30 ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ошкоро тасарруф намудани молу мулки ғайр, дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, дар наздикии чойхонаи Баҳор, нисбати шаҳрванд Насриддинов Ф. С. зуроварӣ намуда, номбурдаро мавриди лату куб қарор дода, маҷбуран бо роҳи зуроварӣ ошкоро аз ҷайби шими дар тан доштаи Насриддинов Ф.С., Резбонов А.Ш. маблағи 200- сомонӣ ва Кабутов Б.А. маблағи 1145- сомонии ӯро тасарруф намуда, ба охирин зарари ҷиддӣ расонида аз ҷои ҳодиса ғаӣб заданд.
  Дар натиҷа худи ҳамон шаб аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор, Резбонов А.Ш. дастгир гардида, аз дасташ маблаги 200- сомонии бо роҳи ғоратгари ба даст овардааш гирифта шудааст.
Нисбати Резбонов А.Ш. ва Кабутов Б.А. бо аломатҳои моддии 248 қисми 2 бандҳои "б,в,г" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣбо тасдиқи фикри аӣбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.
   Бо ҳукми суди ноҳияи Ҳисор судшавандагон Резбонов А.Ш. ва Кабутов Б. А. бо моддаи 248 қисми 2 бандҳои "б,в,г" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати 5 соли аз озоди маҳрумӣ ва дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр ҷазо тайин карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий