Маъмур Аъзамов ба далели нобоварӣ аз прокуратура ронда шуд
Маъмур Аъзамов - прокурори калони прокуратураи вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ аз мақомаш барканор ва аз сафи кормандони прокуратура ронда шудааст. Манбаи "Ахбор” гуфт, ин тасмим дар мавриди Маъмур Аъзамов дар пайи ошӯби пурқурбонии шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ба далели "нобоварӣ” ва "иҷрои номатлуби вазифаи хидматӣ” гирифта шудааст. Аъзамов ҳамчун прокурор масъули риояи қонуният дар ин маҳбас низ буд. Маъмур Аъзамов моҳи июни соли ҷорӣ бо 10 ҳазор доллар пора дастгир шуда буд, вале он дафъа тавонист худро аз ҷавобгарӣ халос кунад.
Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ошӯби пурқурбонии шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд, Маъмур Аъзамов – прокурори калони додситонии вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ аз мақомаш барканор ва аз сафи прокуратура ронда шудааст.
Манбаи сомонаи "Ахбор” гуфт, Маъмур Аъзамовро дар поёни ҳафтаи гузашта барканор кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ӯро бар асоси ду моддаи Кодекси меҳнат бо ҷурми "нобоварӣ” ва "иҷрои номатлуби вазифаи хидматӣ” аз мақом барканор ва аз сафи прокуратура пеш кардаанд.
Маъмур Аъзамов дар додситонии вилояти Суғд масъулияти назорати қонуният дар маҳбасҳои воқеъ дар ҳудуди ин вилоят, аз ҷумла дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.
Шаби 7 ноябр маҳбусони зиндони рақами се дар пайи бадрафтории зиндонбонҳо бо сангу чӯб ва ҳар гуна ашёҳои буррандаву халанда мусаллаҳ шуда,ошӯб бардоштанд ва ду корманди зиндонро кушта, 6 тани дигарро захмӣ карданд.
Нирӯҳои вижа бо силоҳу сагҳо вориди маҳбас шуда, ошӯбро саркӯб карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни саркӯби ошӯб 21 маҳбус, ки 12 нафараш ҷангиёни собиқи созмони террористии ДОИШ будаанд, кушта шуданд. Манобеи дигар шумори кушташудаҳоро зери 50 ва шумори захмиёнро беш аз 100 нафар мегӯянд.
Дар робита ба ин ошӯб Файзуллоҷон Сафарзода, раиси маҳбаси рақами се ва 6 корманди ин маҳбас аз мақомҳояшон барканор ва боздошт шудаанд. Онҳо ба хунукназарӣ, берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон айбдор мешаванд.
Маъмур Аъзамов рӯзи 8 июни соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллар пора аз ҷониби мақомоти раёсати вилоятии Агентии мубориза бо коррупсия бо далели шайъӣ дастгир карда шуда буд, вале тавонист худро аз ҷавобгарӣ бо кадом роҳҳое халос кунад.
Манобеи сомонаи "Ахбор”” хабар доданд, ки корманди баландпояи прокуратураи вилояти Суғд Маъмур Аъзамов нимаи дуюми рӯзи 8 июн Маъмур Аъзамов, ки дар прокуратураи вилояти Суғд дар вазифаи "равғанӣ”-и прокурори калон оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ кор мекард, ба як зан ваъда додааст, ки дар ивази 10 ҳазор доллар метавонад бародари ӯро аз зиндон озод кунад.
Зан як қисми ин пулро қаблан ба Аъзамов дода, рӯзи 8 июн боқимондаи маблағи пораро овардааст. Аъзамовро, ба гуфтаи манбаъҳои "Ахбор”, дар ҳуҷраи кориаш дастгир карданд.
Аммо ин боздошти пурсарусадо ҳамагӣ баъди чанд рангу оҳанги дигар гирифт.
Иттиҳоми зидди Аъзамов аз моддаи сахттари 319 (гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор) ба моддаи сабуктари 247 (қаллобӣ) иваз шуд, чунки бар асоси қонун, гӯё Аъзамов салоҳияти аз зиндон озод кардани касеро надошт ва бардурӯғ ба он зан ваъдаи халос кардани бародарашро додааст. Дар натиҷа, Маъмур Аъзамов дар ҷояш "зарари расондашуда” ба зани ҷабрдидаро ҷуброн кард ва ӯро то анҷоми тафтиши парвандааш "ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист” аз боздошт ҳам озод карданд.
Баъдан иттиҳоми "қаллобӣ” нисбат ба Аъзамов ҳам гӯё "исбот нашуд” ва парвандаи ӯро нафақат қатъ карданд, балки ӯ ба мақоми қаблиаш баргашт.
Тағйири айбнома аз гирифтани пора ба қаллобӣ барои мансабдорони фасодзада дар Тоҷикистон дар солҳои охир ба як навъ роҳи наҷот табдил ёфтааст.
Иттиҳоми қаллобӣ ба фарқ аз иттиҳоми порахӯрӣ ва коррупсия ҳукми чандон сангине надорад ва дар сурати ҷуброни зарар, муттаҳам метавонад ҳатто бо ягон ҷаримаи рамзӣ халос шавад ваё ҳатто агар маҳкум ба зиндон ҳам шавад, дар нахустин афв ба озодӣ хоҳад расид.
Маъмур Аъзамов - ҷияни Маҳкамбой Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон - аз кормандони собиқадор ва пурнуфуз дар низоми додситонии вилояти Суғд ба шумор мерафт. Ӯро аз шогирдони прокурори собиқи вилоят Қаландаров мешуморанд.
Вазифае, ки Аъзамов кор мекард - прокурори калон оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ – аз мақомҳои "равғанӣ” дар низоми прокуратура ва худи ин бахши назорати маҳбасҳо дар прокуратура аз бахшҳои хеле олуда ба фасод дониста мешавад.
Шикоятҳои маҳбусон а шароити зиндон ва ҳамин тавр, дархости онҳо барои бозбинии ҳукмашон ёё афви гуноҳ ба дасти ҳамин прокурор оид ба назорати муассисаҳои ислоҳӣ мерасанд. Чунин прокурор салоҳияти санҷиши ҳар муассисаи ислоҳӣ бар асоси шикояяяяяти маҳбусонро дорад ва ба ин далел, дар даруни зиндонҳо гапаш гап ҳисоб мешавад.
Прокурорҳои масъули назорати зиндонҳо дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла дар мавриди пеш аз муҳлат ҷавоб додани маҳбусон ва татбиқи қонуни афв дасти хеле дароз доранд. Давраҳои аз ҳама пурҷӯшу хурӯши кори ин прокурорҳо низ моҳҳоест, ки қонуни афв эълон мешавад.
Комментарии (0)