Боз 20 сомонӣ барои чӣ? (Видео)
Ин видеоро яке аз хонандагони сомона аз шаҳри Ваҳдат фиристод. Ӯ мегӯяд, барои шиносномаи тоҷикӣ расман 130 сомонӣ супурданд, вале ҳангоми гирифтани шиносномаҳо як корманди шуъбаи шиносномадиҳӣ дар идораи милисаи Ваҳдат аз ҳар кадоми онҳо боз 20 сомонии дигар талаб кардааст. Вақте корафтодаҳо мепурсанд, ки ин 20 сомониро барои чӣ бояд супоранд? Он корманд ҷавоб додааст, ки ... "барои прописка” (сабти ном).
Дар видео дида мешавад, ки корманди шуъбаи шиносномадиҳӣ шиносномаро аз тиреза дароз карда, аз корафтодагон, ки дар зери тиреза навбат истодаанд, мепурсад: "Прописка аз кӣ буд? 20 сомонӣ – аз шумо...”
Комментарии (0)