Раиси Кумитаи замин: Қариб 890 км марз бо Қирғизистон мувофиқа шудааст

Раиси Кумитаи замин: Қариб 890 км марз бо Қирғизистон мувофиқа шудааст
Аз беш аз 987 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон қариб 890 км хати он аз ҷониби мақомоти ду кишвар мувофиқа шудаст.Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Танҳо соли гузашта гурӯҳҳои топографии ду давлат 15 вохӯрӣ баргузор карданд, ки дар натиҷа 169,48 км хати марз аломатгузорӣ шуд."То имрӯз дар ҳамаи сатҳҳо 889,45 км тавсифи хати сарҳади давлатӣ гузаронида шудааст«, — изҳор дошт Хоҷазода.
Вай гуфт, музокироти ду кишвар феълан идома дошта, талош доранд, ки масъала ҳарчи зудтар ба манфиати ҳарду давлат ҳал карда шавад.Ӯ тавзеҳ дод, ки раванди музокирот на ҳама вақт оммавӣ мешавад, то ба ҷараёни он халал ворид нагардад.Ҷонибҳо санад ба имзо расондаанд, ки баъди мувофиқаи қисматҳо маълумотро расонаӣ кунанд.Аз тарафи роҳбарони мақомоти амнияти ҳарду ҷониб, раисони комиссияи байнидавлатӣ баъди ҳар музокирот дар мувофиқа бо ҳам бархе маълумот расонаӣ мешаванд, гуфт Хоҷазода.Ахиран тақсимоти марз аз мавзӯи меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев буд.Дар ин дидор таъкид гардидааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90%-и хатти умумиро дар бар мегирад.Раҳбари Тоҷикистон аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий