Интизори депорт: Нигаҳдории занону кӯдакон тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Екатеринбург
Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон шоми 24 августи соли равон 58 шаҳрвани Тоҷикистон аз Маркази нигаҳдории муваққатӣ ба Ватан баргаштанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба раванди ба Ватан баргаштани бошандагони тоҷикистонии Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург ба таври назаррас суръат бахшида шуд
Қайд карда шудааст, ки ахиран муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург дидан кард.
Ёқубҷон Умаров дар ин боздид бо шаҳрвандони кишвар суҳбатҳо кардааст.
“Пешниҳодҳои роҳбарияти Шӯрои дар бораи зудтар ба Ватан фиристодани шаҳрвандони бошандаи Маркази нигаҳдории муваққатӣ ба инобат гирифта шуда, натиҷаҳои мусбат дода истодаанд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Айни ҳол шаҳрванде, ки хоҳиши зудтар ба Ватан рафтанро дорад, метавонад (тавре ки пешниҳод шуда буд) расман аризаи хаттӣ навишта, изҳор кунад, ки даъвои норозигӣ нисбат ба қарори суди маҳаллӣ надорад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамин метавонад асоси ҳуқуқӣ шавад ва бошандаи Маркази нигаҳдории муваққатӣ метавонад зудтар ба Ватанаш баргардад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)