Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон зиёду нархаш арзон шудааст

Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон зиёду нархаш арзон шудааст
Беш аз 73%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон ворид гардидааст.
Дар ин бора роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки наздики 25%-и дигар аз Русия ва қариби 2% аз Ӯзбекистон ворид шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмуъ дар бозори гази моеъи Тоҷикистон дар давоми шашмоҳа 14 субъекти хоҷагидор фаъолият дошта, инҳисор дар ин бахш нест.
Ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар шашмоҳа ба зиёда аз 169 ҳазор тон баробар шуда, маблағи умумияш беш аз 68 млн долларро ташкил додаст.
Нархи миёнаи воридоти ҳар тонна гази моеъ ба андозаи 15% коҳиш ёфта, аз 476 доллари ҳамин давраи соли гузашта ба 403 доллари нимсолаи аввали соли равон расидаст.
Арзиши миёнаи воридоти гази моеъ дар моҳи июни соли 2023 нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 114 доллар ё ба андозаи 22% ва дар муқоиса ба моҳи июни соли гузашта 49 доллар ё ба андозаи 11% камтар мебошад.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид намудаст, ки дар доираи ваколатҳои худ, барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий