Вазирону раисон дар Тоҷикистон аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд

Вазирону раисон дар Тоҷикистон аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд
Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон нақшаи ташкили нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро тасдиқ кард.Бар асоси нақшаи таъйидшуда, ки нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон 26 июл шуруъ мегардад.Зимни нишастҳои матбуотӣ вазирон ё ноибонашон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияташонро дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳоди омма мекунанд.Анҷоми нишастҳои матбуотии ҷамъбасти нимсола 15 август муқаррар шудааст.Маврид ба зикр аст, ки дар ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2022 нишастҳои матбуотӣ аз 11 июл то 5 август идома доштанд.Дар давоми нишастҳои матбуотӣ намояндагони расонаҳо имкон доранд дар бораи рушди иқтисодию иҷтимоии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо бевосита аз роҳбарони аввалашон посух гиранд.Баргузории нишастҳо ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идораҳо дар назар дошта шудааст.Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд.Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.

Сарчашма:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий