Фаврӣ: Кушта шудани як сарбози тоҷик дар тирпаронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Фаврӣ: Кушта шудани як сарбози тоҷик дар тирпаронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифт

Сокинони деҳоти наздимарзии Чоркӯҳи Исфара аз ин тирпаронӣ хабар дода афзуданд, тайи ин ҳодиса як нафар кушта шуд.

Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ин ҳодиса чанд лаҳза қабл дар маҳаллаи наздимарзии маъруф ба Говсори Чоркӯҳ рӯх додааст.

Дар натиҷаи ин тирпаронӣ Суннатулло Самадов, аз сарбозони марзбони тоҷик дар марзи кишвар бо Қирғизистон кушта шудааст.

Зикрулло Каримов, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, субҳи 10 март сарҳадбонони қирғиз ба сӯйи чанд сокини деҳа, ки ба шинонидани ниҳол дар заминҳои худ машғул буданд, шиллик карданд.

“Тирпаронӣ соати тақрибан 9:30 рӯх дод. Ҳоло ҳама сокинони деҳа ба ҷойи ҳодиса сафар кардаанд”, - гуфт манбаъ.

Иттифоқи уфтодани ин ҳодисаро аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.

Як корманди ҳукумат ба шарти ифшо накардани номаш гуфт, ҳоло иддае аз масъулин ба маҳалли ин ҳодиса рафтаанд.“Зимнан дақиқ нест, ки дар пайи ин ҳодиса кӣ осеб дидааст. Ҳоло ҳама масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба Чоркӯҳ рафтаанд”, - гуфт манбаъ.

Ҳодисаи тирпарронии ахир дар марзи кишвар бо Қирғизистон дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ деҳоти наздимарзии Чоркӯҳ шоҳиди муноқишаи мусалаҳона гардида буданд.

Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рӯх дода буд. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам намуда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфтанд, ҳамчунин тайи ин даргирӣ 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкии дигар маҷруҳ гардидаанд.

Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар инкишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.

Баъдан Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ва техника аз сарҳад ба мувофиқа расиданд.

Рӯзи 7 феврал Комиссияи байниҳукуматии аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон кори худро шуруъ кард.

Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомоти ду кишвар барпо гардид.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий